Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден гуфт, Трамп мавқеи Амрикоро дар ҷаҳон заъиф месозад


Ҷо Байден, ноиб-президенти пешини Амрико, яке аз даъвогарони билқувваи курсии президентии ИМА аз Ҳизби демократҳо фаъолияти Доналд Трампро дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ пешгӯинашаванда ва тундомез унвон кард.

Байден дар суханронии пешазинтихоботӣ дар мулоқот бо донишҷӯён дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, Трамп нуфуз, ҷойгоҳ, инчунин роҳбарии ҷаҳонии Амрикоро заъиф сохт.

Байден ба унвони мисол аз хориҷшавии ИМА аз Созишномаи Порис дар мубориза зидди тағйирёбии иқлим, бекорсозии созишномаи ҳастаӣ бо Эрон, хориҷшавӣ аз созишномаи тиҷорати фароуқёнусӣ, инчунин изҳороти Трамп дар бораи имкони хориҷшавии ИМА аз НАТО ёдовар шуд.

Байдан ваъда кард, ки дар сурати президент интихоб шуданаш, қисмати бештари низомиҳои амрикоиро аз Афғонистон берун меорад, кумакрасонӣ ба Арабистони Саудиро дар ҷанг зидди Яман қатъ ва уҳдадориҳои ИМА-ро дар назди НАТО тасдиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG