Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи раиси собиқи Теҳрон оғоз шуд


Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ бо завлона дар даст дар додгоҳ.
Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ бо завлона дар даст дар додгоҳ.

Муҳокимаи Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ, раиси собиқи шаҳри Теҳрон, ки ба қатли ҳамсари дуввумаш муттаҳам мешавад, оғоз ёфтааст. Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Наҷафиро рӯзи 13-уми июл ба додгоҳи Теҳрон ҳозир карданд. Муфаттишон мегӯянд, ки ӯ ҳамсари дуввумаш Митро Устодро дар хонааш дар Теҳрон бо зарби тири туфангча куштааст. Додрас ҳангоми қироати иттиҳомот гуфтааст, ки Наҷафӣ ба қатл, ҳамла, зарбу лат ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад.

Раиси собиқи шаҳри Теҳрон иддао кардааст, ки ҳангоми яке аз ҷанҷолу даъво занаш ба ӯ бо корд таҳдид кардааст. Ҷасади Митро Устодро рӯзи 28-уми май дар хонааш дар маҳаллаи Саодатобод дар шимолуғарби Эрон пайдо карданд. Дар ҳамон рӯз додситони Теҳрон Муҳаммад Шаҳриёрӣ гуфт, ки Наҷафӣ худро ба пулис таслим карда ва гуфтааст, ки ба сабаби ҷанҷоли хонаводагӣ занашро куштааст. Бино ба хабарҳо ӯ занашро чанд тир задааст.

XS
SM
MD
LG