Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла дар Сомалӣ 26 нафар кушта шуданд


Сомалӣ пайваста шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ мешавад. Акс аз бойгонист.
Сомалӣ пайваста шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ мешавад. Акс аз бойгонист.

Дар як натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба меҳмонхонае дар Сомалӣ 26 нафар кушта шудаанд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ҳамла рӯзи 13-уми июл дар шаҳри бандарии Кисмаё сурат гирифт ва 14 соат идома кард. Маъмурони амниятӣ гуфтанд, ки ҳамаи ҳамлаваронро дар дохили меҳмонхона куштанд. Гурӯҳи террористии Ал-Шабоб масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ҳамлаварон аввал мошинеро дар назди меҳмонхона тарконида, сипас ба он ҳамла кардаанд. Меҳмонхонаи мазкур дар миёни сиёсатмадорон ва дигар шаҳрвандони Сомалӣ, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, маъруф буд. Дар миёни кушташудагон ба гуфтаи матбуоти дохилӣ, Ҳудон Нолая, хабарнигори шинохтаи муқими Канад ва шавҳараш низ ҳастанд. Ал-Шабоб як созмони ифротгарои суннимазҳаб аст, ки бо Ал-Қоида робита дорад ва дар Сомалӣ пайваста ҳамла анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG