Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбеки озими Русияро дар фурудгоҳ насиҳат мекунанд


Дар як навори видеоӣ, ки дар "Фейсбук" нашр шуд, дида мешавад, муллое аз узбекистониҳои озими Русия даъват мекунад, "зери таъсири мубаллиғон намонанд", "ба ҳамсаронашон хиёнат накунанд" ва "шефтаи ҳаракатҳои террористӣ нашаванд".

Ин ҳодиса дар фурудгоҳи Намангони Узбекистон сурат гирифтааст. Мулло мегӯяд, "ҳоло зиёд мушоҳида мешавад, ки одамон ба кишварҳои дигар рафта, тавассути Интернет ба доми одамони гуногун афтода, барои пули пучаке дини худро мефурӯшанд. Ин рафтор шоистаи фарди мусалмон нест".

Дар идома мулло ба муҳоҷирони узбекистонӣ мегӯяд, ки "мусалмон набояд Ватану миллаташро фурӯшад ва ба ҳамсараш хиёнат кунад, сарфи назар аз он ки вай дар куҷо қарор дорад".

Намояндагони фурудгоҳи Намангон гуфтанд, амри маъруфи мулло дар доираи барномаи иҷтимоии давлатӣ сурат гирифтааст. "Ҳамаи мусофиронро намешавад, дар кӯча пайдо кард. Бино бар ин, дар дохили фурудгоҳ барои онҳо амри маъруф роҳандозӣ кардем",-гуфт як намояндаи фурудгоҳ.

Вақтҳои охир Раёсати маънавии мусалмонони Узбекистон таблиғоти мазҳабиро барои муҳоҷирон бештар кардааст. Пештар аз ин як гуруҳ аз имомони Узбекистон ба Русия рафта, бо муҳоҷирон мулоқот карданд

XS
SM
MD
LG