Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти Узбекистон


Додгоҳи ҳарбии Узбекистон 15-уми июл баррасии парвандаи додситони кулли пешин ва собиқ раиси Хадамоти амнияти ин кишвар Ихтиёр Абдуллоевро оғоз кард. Ба иттилои манбаи хабаргузории "Фарғона", парвандаи Абдуллоев муҳри махфӣ дорад.

Дар доираи ин парванда дар маҷмӯъ алайҳи 24 кас айб эълом шудааст. Ними онҳо дар боздошт буда, боқӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудаанд ё бар ивази гарав дар озодӣ ҳастанд. Панҷ вакили дифои гумонбарон ба мурофиа роҳ дода нашуданд ва дертар маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо хабар доданд, ки айбдоршавандаҳо аз ёрии ҳуқуқии вакилон даст кашиданд.

Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11-уми феврали имсол аз мақом барканор шуда, зиддаш бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "гирифтану додани ришва" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар доираи ин парванда нисбати собиқ муовини аввали раиси Хадамоти амнияти Узбекистон Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола, муовини пешини раиси Додгоҳи олии Узбекистон Баҳодур Деҳқонов ва муовини пешини додситони шаҳри Тошканд Еркин Абдуллоев айб эълон гаштааст.

Додгоҳи олии Узбекистон моҳи июни соли равон собиқ додситони кулли дигари ин кишвар Рашид Қодировро бо ҷурми фасодкорӣ ва сӯистифода аз мақом 10 сол зиндонӣ ва муодили 12 ҳазор доллар ҷарима кард.

XS
SM
MD
LG