Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як нақбкан дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳудуди нақби Артемеви вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон як коргар ҳангоми таркондани нақб кушта шуд. Ин ҳодиса шоми 17 июл рух дод. Ба иттилои ширкати KAZ Minerals, коргар ҳангоми анҷом додани таркиш вафот кардааст. Ширкат марги коргарро "ҳодиса нохуш" унвон мекунад. Барои таҳқиқи ин ҳодиса комисияи махсус таъсис шудааст.

Нақби Артемев дар наздикии шаҳри Шемонаих ҷойгир аст. Ба иттилои KAZ Minerals, дар ин нақб ҳудуди 1200 одам кор мекунад. KAZ Minerals бузургтарин тавлидкунандаи мис дар Қазоқистон унвон мешавад. Сеяки саҳмияҳои KAZ Minerals PLC ба миллиардер Владимир Ким тааллуқ доранд. Маҷаллаи амрикоии Forbes ӯро яке аз сарватмандтарин афроди Қазоқистон унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG