Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷопон дар натиҷаи оташсӯзии як коргоҳ 20 одам кушта шуд


Дар шаҳри Киотои Ҷопон дар пайи оташ задани коргоҳи Kyoto Animation на камтар аз 20 одам кушта шудааст. Ба иттилои хадамоти оташнишонии шаҳр, 36 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Оташ субҳи рӯзи панҷшанбе сар зад. Гумонбари 41-сола дар дохили коргоҳ маводи сухт пошида, онро оташ задааст. Дар ин бора худи гумонбар иттилоъ дод. Ӯ низ дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар бораи далелҳои ин оташсӯзӣ ҳанӯз хабаре нашр нашудааст.

Коргоҳи Kyoto Animation соли 1981 таъсис шудааст. Ин коргоҳ ба таҳияи филмҳои тасвирӣ машғул аст.

XS
SM
MD
LG