Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як қазоқтабори амрикоӣ барои ҷанг ҳамроҳи ДИИШ


Руслан Асаинов
Руслан Асаинов

Дар Амрико як шаҳрванди қазоқтабори ин кишварро ба ҷанг дар канори гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва фаъолият ба ҳайси мураббӣ дар ин созмон муттаҳам карданд. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 19-уми июл гуфт, Руслан Асаинови 42-сола панҷ сол дар сафи “Давлати исломӣ” ҷангида ва ба дасти размандони курд асир афтодааст.

Ӯро Нерӯҳои Демократии Сурия дастгир карда ва Амрико супурдаанд. Додситонҳои Ню Йорк гуфтанд, ки Асаинов соли 2013 аз Бруклин ба Туркия ва сипас ба Сурия рафта то соли 2018 дар онҷо ҷангидааст. Ӯ дар ин солҳо дар гурӯҳи ДИИШ снайпер буда ва сипас то ба мақоми мураббии тирандозӣ расидааст. Ӯро ҳамчунин ба талош барои ҷалби аъзо ба гурӯҳи ифротгаро муттаҳам мекунанд. Асаиновро бар асоси мукотибааш бо як нафаре дастгир кардаанд, ки пинҳонӣ бо пулиси Ню Йорк ҳамкорӣ доштааст

XS
SM
MD
LG