Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи бадхашмонаи Чин ба Амрико дар бораи уйғӯрҳо


Генг Шуанг
Генг Шуанг

Мақомоти Чин баёнияи вазири умури хориҷии Амрико дар бораи муносибат бо уйғӯрҳоро “риёкорона” номида ӯро танқид карданд. Майк Помпео аз ин пештар гуфт, ки муносибати Чин бо уйғӯрҳои мусулмон “доғи аср” аст.

Дар посух ба ин Генг Шуанг, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, ин баёния риёкорона ва як навъ дахолат ба умури дохилии Чин аст. Майк Помпео дар бораи муносибат бо уйғӯрҳо дар як конфронсе дар бораи озодиҳои динӣ сӯҳбат кард ва сиёсатҳои Чинро дар ин самт зери танқид гирифт.

Генг Шуанг гуфт, кишвараш ин танқидҳоро қабул надорад ва аз Амрико мехоҳад, “бо истифода аз масоили динӣ мудохила ба умури дохилии кишварҳои дигарро бас кунад.” Мақомоти Созмони Милал соли 2018 гуфтанд, ки Чин як миллион уйғӯрро дар “марказҳои муқобила бо ифротгароӣ” нигаҳ медорад ва миллионҳо нафарро ба “урдӯгоҳҳои бозтарбия” бурдааст. Ба гуфтаи Майк Помпео ин корҳои Чин барои нобуд кардани ҳуввияти мазҳабиву қавмии уйғӯрҳост. Созмони Милал гуфтааст, ки вилояти Шинҷон Уйғӯри Чин шабеҳи “як боздоштгоҳи азим” шудааст.

XS
SM
MD
LG