Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА як зодаи Қазоқистонро дар узвияти ДИИШ айбдор мекунад


Як зодаи Қазоқистон, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар узвияти гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва иштирок дар ҷангҳои ин гуруҳу таълимдиҳии ҷангҷӯёни дигари "Давлати исломӣ" айбдор мешавад.

Додситонии кулли ИМА рӯзи 19-уми июл хабар дод, ки Руслан Маратович Асаинови 42-сола давоми панҷ сол ба ҷонибдорӣ аз ин гурӯҳ ҷангидааст. Баъдан вай дастгир шуда, ба Амрико интиқол ёфтааст. Мақомоти ИМА мегӯянд, вай дар соли 2013 аз Бруклини Амрико ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафта, то соли 2018 ҷангидааст.

Асаинов дар Сурия ба ҳайси тирандоз (снайпер) ҷангида, баъдтар ҷангҷӯёни дигарро таълим додааст. Вай ҳамзамон дар ҷалби ҷангҷӯёни дигар ба сафи террористон айбдор мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми августи соли 2019
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG