Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео боздошти ҷосусон дар Эронро рад ва посбонии тангии Ҳумрузро талаб кард


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида 22 июл ҳангоми сафари корӣ ба Флорида, дар мусоҳибаи телевизионие гуфт, ҳар чизе, ки Эрон мегӯяд, бояд ҳамчун “шакку гумон“ қабул карда шавад.

Дар посух ба даъвои Теҳрон, ки як шабакаи ҷосусии вобаста ба CIA-ро аз миён бурдааст, Помпео ба телевизиони маҳаллии WF 9 гуфт “ҳар кас бояд сахт шубҳа дошта бошад” ва давом дод: “Онҳо солҳои дароз дар бораи бисёр чизҳо дурӯғ гуфтаанд.”

Эрон гуфт, рӯзи 18 июл 17 нафарро ба гумони ҷосусӣ ба фоидаи Иёлоти Муттаҳида дастгир карда, баъзеи онҳоро ба қатл маҳкум намуд. Дар гузориши вазорати иттилоъ гуфта шудааст, ки ҷосусҳои ошкоршуда дар марказҳои муҳими ҳаётӣ ва бахши хусусии иқтисод, риштаҳои ҳастаӣ, низомӣ ва кибернетикӣ фаъолият дошта, маълумоти пинҳониро гирдоварӣ мекарданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп низ иддаои Теҳронро инкор кард. Трамп 22 июл дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар Кохи Сафед гуфт, ки Теҳрон " ба ИМА эҳтиром надорад ва ин кори давлати ӯро барои ёфтани муомила бо Эрон барои ҷойгузинии созиши ҳастаии соли 2015, “душвортар мекунад”. Трамп соли гузашт аз ин созишнома ба таври якҷониба берун шуд.

Помпео гуфт, ки ИМА як эътилофро барои посбонӣ кардани тангии Ҳурмуз бунёд мекунад, то роҳҳои киштиронӣ боз бимонанд. Эрон се рӯз пеш як киштии нафткаши Бритониёро дар наздикии тангӣ боздошт ва 20 июн дар ин минтақа як дрони амеркоиро сарнагун кард.

XS
SM
MD
LG