Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби Навалний гуфт, эҳтимол, вай "заҳролуд" шудааст


Анастасия Василева, табиби сиёсатмадори рус Алексей Навалний гуфт, эҳтимол дорад, вай "заҳролуд" шуда аст. Навалнийро, ки 24 июл ба 30 рӯзи ҳабс маъмурӣ маҳкум шуд, ахиран аз ҳабс бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурданд. Вакили мудофеи вай гуфт, дар бадани сиёсатмадор нишонаҳои ҳассосият дида мешавад. Вакил гуфт, ки Навалний пештар аз ин "ҳеч гоҳе ҳассосият (аллергия) надоштааст".

Анастасия Василева афзуд, ки кормандони маҳбас "нахостаанд, ба наздикони Навалний аз бемории вай хабар диҳанд" ва дар бемористон ташхиси сиёсатмадорро на ба худи вай ва на ба наздикону вакилонаш иттилоъ надодаанд.

"Ташхиси табибон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке як бемориро ташхис гузоштааст, дигарӣ бемории дигареро", - гуфт табиб Василева. "Моро нагузоштанд, ки Навалнийро аз назар гузаронем, ҳарчанд мо ҳуҷҷатҳоямонро нишон додем",-гуфт табиб.

XS
SM
MD
LG