Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади шиканҷашудаи сарбози туркманро ба наздиконаш доданд


Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҷасади порашудаи як сарбози Туркманистонро рӯзи 26-уми июл ба наздиконаш додаанд. Сулаймон Оразов, сарбози кушташуда моҳи ноябри соли 2018 ба сафи артиш даъват шуда буд.

Рӯзи 25-уми июл аз қисми низомӣ ба волидонаш тамос гирифта, хабар доданд, ки сарбоз аз заҳролудшавӣ фавтидааст. Вақте ҷасади ӯро ба наздиконаш доданд, ҷасад аз қисмати шикам чок шуда буд. "Ҷасад оғуштаи хун буд",- мегӯянд шоҳидони ҳодиса.

Намояндагони вазорати мудофеа иттилоъ надоданд, ки чаро ҷасади сарбозро буридаанд. Наздикон мегӯянд, эҳтимол дорад, сарбозро аз пушт парронда бошанд. Мақомот дастур доданд, ки ҷасад дар рӯзи ба наздиконаш додашуда ба хок супорида шавад. Мақомот ба хонаводаи сарбоз кумаке нарасондаанд.

"Падари сарбоз се сол пеш фавтида буд. Модар фарзандонро танҳо тарбият мекард. Намебоист, ҷавони фавтидаро ба сарбозӣ даъват мекарданд, зеро модараш ба дастёр эҳтиёҷ дошт",-хабар доданд наздикони сарбоз.

XS
SM
MD
LG