Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳокими Самарқанд бо ҷурми порагирӣ 13 сол зиндонӣ шуд


Тӯробҷон Ҷӯраев
Тӯробҷон Ҷӯраев

Додгоҳе дар Узбекистон рӯзи 2-юми август ҳокими пешини вилояти Самарқанд ва чанде аз ёрони ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Тӯробҷон Ҷӯраев ба сӯистифода аз мансаб ва порагирӣ гунаҳкор шуд.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳокими пешини Самарқанд 13 сол ва муовинаш Уткир Абдуллоев 11 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Чанд ҳамкори собиқи онҳо аз 5 то 7 сол гирифтаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд ва ҷузъиёти бештари он дастрас нест.

Мақомот мегӯянд, Тӯробҷон Ҷӯраев ба ҳайси "раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ" ба гирифтани беш аз 2 миллион доллар айбдор аст. Гуфта мешавад, вай ин миқдор пулро дар ивази ҷудо кардани замин барои бунёди хонаҳои баландошёна дар маркази шаҳри Самарқанд гирифтааст.

Вале наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, мақомдорони собиқ ҳангоми таҳқиқи парванда шиканҷа шудаанд.

Тӯробҷон Ҷӯраев то соли 2013 ҳокими вилояти Қашқадарё буд. Баъдан дар соли 2017 раиси ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ва пас аз чанд моҳаш ҳокими вилояти Самарқанд таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG