Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, ҷанг бо Эрон "модари ҳамаи ҷангҳо" хоҳад буд


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 6-уми август гуфт, Теҳрон тарафдори гуфтушунид бо Иёлоти Муттаҳида аст, агар ки таҳримҳоро бардорад.

Пас аз баромадани Амрико аз созиши ҳастаии соли 2015, ки барномаи атомии Теҳронро дар ивази сабук кардани таҳримҳои иқтисодӣ бозмедошт, кашмакашҳо миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон тезу тунд шуданд.

Рӯҳонӣ дар суханроние аз телевизиони давлатӣ ҳангоми пуштибонӣ аз созишномаи соли 2015 миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ гуфт, "сулҳ бо Эрон модари ҳамаи сулҳҳо ва ҷанг бо Эрон модари ҳамаи ҷангҳост."

"Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷонибдори музокира аст ва агар Амрико ҳақиқатан гуфтугӯ мехоҳад, пеш аз ҳама, бояд таҳримҳоро бардорад", -- гуфт Рӯҳонӣ.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон моҳи гузашта киштии нафткаши бритониёӣ Stena Imperoро дар наздикии Тангии Ҳурмуз ба гуноҳи вайрон кардани шароити баҳрӣ боздошт кард. Ду ҳафта пештар аз ин нирӯҳои бритониёӣ як киштии нафткаши Эронро дар наздикии Гибралтар ба гуноҳи вайрон кардани таҳримҳо нисбат ба Сурия боз доштанд.

Рӯҳонӣ гуфт: "Тангӣ дар баробари тангӣ. Намешавад, ки Тангии Ҳурмуз барои Шумо озод бошад, вале халиҷи Гибралтар барои мо озод набошад."

Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи транзити нафт дар ҷаҳон аз гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз мегузарад, ки халиҷи Форс ва баҳри Арабро ба ҳам мепайвандад.

XS
SM
MD
LG