Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдодгарон дар дуздии телефонҳои мобилии "Boeing"-и суқуткарда гумонбар мешаванд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодда бо гумони аз худ кардани телефонҳои мобилӣ аз макони суқути ҳавопаймои Boeing-747-400F дар наздикии фурудгоҳи Манас парванда боз кардааст.

Шаш корманди вазорати ҳолатҳои фавқулода, ки дар ин парванда гумонбар мешаванд, рӯзи 31-уми июл аз ҳаққи хориҷ шудан аз Қирғизистон маҳрум шудаанд. Бархе аз расонаҳо менависанд, дар доираи парвандаи мазкур 100 корманди вазорати ҳолатҳои фавқулодда бозпурсӣ шудааст.

Ҳавопаймои борбари "Боинг-747-400" субҳи 16-уми январ соати 7:20 дақиқа дар наздикии фурудгоши "Манас"-и Бишкек суқут кард. Ин ҳавопаймо дар масири "Гонконг-Бишкек-Истамбул" парвоз дошт.

Пештар ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ мехост фуруд ояд. Аммо ширкати ACT Airlines - соҳиби ҳавопаймо хабар дод, ки он барои холӣ кардани бораш (телефонҳои мобилӣ), бояд дар Бишкек фуруд меомад.

Дар пайи суқути ҳавопаймо 38 одам, аз ҷумла 34 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG