Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони футболбози тоҷик барои коромӯзӣ ба Вашингтон рафтанд


Бозигарони дастаи мунтахаби миллии занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимии муштариёни варзишӣ барои коромӯзӣ дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – шаҳри Вашингтон – қарор доранд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, ҳайати вакилони мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати ИМА рӯзи 6-уми август ба Вашингтон омадааст.

Сардори шуъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева гуфтааст, ки ҳайати вакилони мунтахаби Тоҷикистон дар Вашингтон дар доираи барномаи таълимии муштариёни варзишии ИМА бо ҳамкасбони амрикоии худ мулоқот намуда, масоили рушди футболи занонаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни сафари дувоздаҳрӯза ба ИМА ҳайати вакилони мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгоҳҳо, мактабҳои варзишӣ ва донишгоҳҳо дидан карда, инчунин бозиҳои мусобиқоти қаҳрамониизанонаро тамошо мекунанд.

XS
SM
MD
LG