Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон тазоҳуроти бемуҳлат эълон кард


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди бинои "Медиа Форум", ки ба ӯ тааллуқ дорад ва телевизиони "Апрел" ҳам дар он ҷойгир аст, тазоҳуроти бидуни муҳлат эълон кард.

Ӯ рӯзи 8-уми август гуфт, "даст ба тазоҳурот мезанем, то моро гӯсфанд наҳисобанд. Дирӯз талош карданд, боздошт кунанд. Мақомот самти худро тағйир медиҳанд. Дар он маҷмаа танҳо Отамбоев мусаллаҳ буд. Додситонии кул намедонад ё худро ба нодонӣ мезанад. Хонаи ман то қарори додгоҳ зери ҳимояти давлат аст ва қудратиҳо ҳаққи ба онҷо омаданро надоранд."

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 8-уми август дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, Отамбоев ба раванди қонунии тафтишот муқовимати мусаллаҳона кард ва Конститутсия ва қонунгузории кишварро дағалона вайрон намуд.

Дар деҳаи Кой-Тош, ки онҷо манзили зисти Отамбоев ҷойгир аст, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафар ҷамъ шудаанд. Онҳо тасмим доранд, бо талаби истеъфои Ҷеенбеков ба назди «Кохи Сафед» ва бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек бираванд.

Нерӯҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон шаби 7 ба 8-уми август ба хонаи Отамбоев ҳамла карда, хостанд, ӯро боздошт кунанд. Вале амалиёт ноком анҷом ёфт.

Ҷонибдорони Отамбоев ба неруҳои махсус иҷозат надоданд, ки ба бино ворид шуда, президенти пешинро дастгир кунанд.

Бино ба маълумоти ахир, дар натиҷаи задухӯрд 52 кас осеб дида, як сарбози нерӯҳои махсус аз тири силоҳ ба ҳалокат расид.

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Худи ӯ иттиҳомро рад кардааст. Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 то 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG