Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳи Шодӣ: "Баъди садама президент ғами маро хӯрд" CАДО


Афзалшоҳ Шодиев. Акс аз соли 2013
Афзалшоҳ Шодиев. Акс аз соли 2013

Рӯзҳои 7 ва 8-уми август дар Хуҷанд консерти сарояндаи шинохта Афзалшоҳи Шодӣ баргузор гашт. Барномаи ӯ бо сабаби беморӣ ва ҷарроҳияш дар Олмон ба таъхир афтод. Ва ҳам навори сипосгузории ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳсеро ба бор овард.

Гуфтугӯи Радиои Озодӣ бо сарояндаи номӣ ва раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз консерти ахир ва таронаҳои нави ӯ оғоз ёфт. Нахуст аз ӯ пурсидем, ҳунарнамоӣ дар ҳавои тафсон чӣ гуна гузашт?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Бисёр барномаи хуби ҳунарӣ буд, ман қаблан ваъда дода будам, чун бемор шудам, натавонистам дар вақташ баргузор кунам. Барномаҳои ҳунариро пеш аз сафарам ба Олмон, ки барои табобат ва як ҷарроҳии дигари хурдтар меравам, баргузор кардам. Маълум буд, ки мухлисон хуб қабул карданд, хушҳол буданд, ба истилоҳ дар толор ҷое барои сӯзан набуд. Мо барномаро дар қасри наве ба номи устод Лоиқ Шералӣ гузаронидем, ки ҳарорати ҳаво хуб ва мухлисон роҳат буданд."

Радиои Озодӣ: Таронаҳои наве сурудед, дуруст аст? Чӣ таронаҳо?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Чанд таронаи навро, ки ҳоло ба доираи васеи мухлисонам нарасидааст, хондам. Баъди ду рӯз бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб гузошта шаванд. Шеърҳое дар мавзӯи модар, Тоҷикистон ва ишқ, ки аз шоирони маҳбуби тоҷик ҳастанд. Шеърҳои Озарахш, Камол Насрулло, Исфандиёри Назар, Сафар Абдулло."

Радиои Озодӣ: Шумо бар ин бовар ҳастед, ки сарояндаҳо бояд таронаҳои иҷтимоӣ хонад, дарди мардумро сароянд?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Ман барои Афғонистони ҳамсоя хондам, ки онҷо мусалмон ҳастанд, вале мусалмонҳоро мекушанд, хусусан дар намозҳои ҷумъа, дар намозҳои ид ба вақти намоз мардумро метарконанд. Барои онҳо хондам, ки то кай ин корро мекунад ва одамҳоро мекушанд. Шеъри дигаре ҳаст, ки “Худо бо кист?”. Мазмунаш чунин аст, ки ин чӣ мусалмонист, ки мусалмонро қурбон мекунад. Дар шеър гуфта шудааст, ки ҳар куҷо модари тоҷик санохон аст, Худо бо мост. Мисолҳо овардам, ки чанд роҳбаре, ки дар Афғонистон шуд натавонист, сулҳро биёрад ба кишварашон ва шукр мекунам, чун ман дар кишвари озоду осуда зиндагӣ мекунам. Маҳкум кардани ДОИШ, вазъи Сурия, ки шеъри Озарахш аст, ки хонданаш тасмими худам буд. Орзу мекунам, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:16 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Оё дуруст аст, ки сароянда дар ҳаққи сиёсатмадорон ё роҳбари давлат тарона хонад?

Афзалҳоҳи Шодӣ: "Касе ба касе кор надорад, ҳар касе хонад ва дар интернет гузорад, метавонад. Ман худам шукргузорӣ мекунам, ҳамеша инро мегӯям. Аз ободӣ ва президентамон мегӯям, худи президент дар Шӯравӣ ягон котиби сека ва ё президент ба Бадахшон нарафта буд, вале президенти мо зиёд меравад. Ба минтақаҳо сафар мекунад, роҳҳоро бунёд мекунад, бояд чизҳои хуберо бубинем ва бигӯем, албатта, камбудиҳо ҳам ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Замоне Шумо дар бораи онҳое, ки аз хориҷи кишвар зидди Тоҷикистон чизе мегӯянд, вокуниш карда будед.

Афзалшоҳи Шодӣ: "Ман гуфтам, ки ҳар кӣ дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, дар куҷое бошад, бояд ватанашро дӯст дорад, зодгоҳаш ва модарашро дӯст дорад. Таҳқиру бадгӯӣ кардан хуб нест. Онҳое, ки дар Тоҷикистон нестанд, ваъзиятро намедонад, ки чӣ гапҳо аст, вале шароит мисли пешина нест, роҳҳоро бунёд мекунад, зиндагии мардум хуб мешавад ва бояд аз ободиҳо низ бигӯем."

Радиои Озодӣ: Як навори кӯтоҳи Шумо бо ситоиш аз раҳбари кишвар дар шабакаҳо сарусадои зиёд ба амал овард.

Афзалшоҳи Шодӣ: "Мардум ҳарчӣ мегӯянд, вале ман ба онҳо коре надорам. Вақте, ки ман дар садама афтодам, президент нафаронеро фиристоданд, ки аз ҳоли ман хабар гирифтанд, ҳолпурсӣ карданд, гуфтанд, чӣ хизмат кунем. Худи ҳамин ҷарроҳӣ ва табобатам дар Олмон бо кӯмаки президент аст. Ман 77 рӯз дар табобат будам, ки бо дастгирии раисиҷумҳур аст, маблағгузорӣ карданд ва гуфтанд, ки пул диҳед, кӯмак кунед, ки Афзалшо сарсон нашуда, дар назди беҳтарин духтурҳо табобат гирад. Вақте, ки президент дӯст дорад, дар ҷавоб мо қадрношиносӣ мекунем?"

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки 17-уми август боз ба Олмон барои табобат меравед. Тасмим надоред, ки барои форсзабонҳо дар онҷо барномаи ҳунариятонро гузаронед?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Баъди инки ҷарроҳии дуюмам хуб гузарад, нақшаашро тарҳрезӣ мекунам, ният дорам, дар чанд шаҳраш бояд барномаи консертӣ гузаронам, ки бо худи навозандаҳо ва шогирдони худам бояд онҷо бошам. Ин барнома баъди ҷашни истиқлолият баргузор хоҳад шуд."

Радиои Озодӣ: ​Оё узви ягон ҳизб ҳастед ва ҳизбҳои сиёсӣ чӣ назар доред?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Ман чанд сол шуд аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастам, раиси ячейка ё бахши ҳизб дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳастам."

Радиои Озодӣ: Гуфтугӯи мо дар остонаи Иди Қурбон ҷараён мегирад, ҳавохоҳатонро бо чӣ суханоне муборакбод карда метавонед?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Ба ҳама мухлисонам идро табрик мекунам, бигзор иди бо файзу баракат бошад ва саломату сарҷамъ бошанд. Мухлисон якдигаро табрик кунанд, пеш аз ҳама бо инсофу бо муҳаббат бошанд. Ба мухлисонам хушбахтӣ мехоҳам, ҳар шунавандаи радиои Шумо ҳам сарбаланд бошад. Ид муборак!"

XS
SM
MD
LG