Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуқанд шомили Рӯйхати ҷаҳонии шаҳрҳои санъатгарон шуд


Шӯрои ҷаҳонии санъатгарон (World Craft Council) шаҳри Қуқанди Узбекистонро шомили Рӯйхати ҷаҳонии шаҳрҳои санъатгарон (World Craft City) кард.

Хабаргузориҳои маҳаллии Узбекистон навиштанд, ки президенти Шӯрои ҷаҳонии санъатгарон Розӣ Гринлис гуфтааст: "Бо дарёфти дахост мо ба хулосае расидем, ки санъат дар фарҳанг ва иқтисоди шаҳри Қуқанд нақши амиқ дорад. Хурсандиовар аст, ки Қуқанд дар ҷамъияти шаҳрҳои санъатгар дар мақоми сазоворе қарор дорад. Интизор дорем, ки Қуқанд баъди шомил шудан ба ин рӯйхат уҳдадориҳояшро иҷро ва бо шаҳрҳои дигар фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард".

Дар Қуқанд рӯзҳои 10-15 сентябр Анҷумани байналхалқии ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад.

Рӯйхати ҷаҳонии шаҳрҳои санъатгарон дар соли 2014 ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир 30 шаҳр аз саросари ҷаҳон шомили ин рӯйхат аст.

XS
SM
MD
LG