Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Отамбоев ба мубориза зидди худкомагии мақомот даъват кард


Қодирбек Отамбоев.
Қодирбек Отамбоев.

Қодирбек Отамбоев, писари Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон аз мухолифон даъват кард, зидди худкомагии мақомот муборизаи қонуниро шуруъ кунанд. Навори муроҷиати Қодирбек Отамбоев дар Фейсбук нашр шуд. Ҳаводиси 7-8 августро писари Отамбоев ҳамчун "авҷи раванди маҳви неруҳои мухолифин" унвон кард.

"Аммо ин бор мо набояд мунтазир монем, ки кай ба суроғи ҳар кадоми мо меоянд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҳамаи нерӯҳои мухолифин бояд дарк кунанд - ояндаи давлат дар хатар аст. Мо бояд ба худкомагии давлат муқобилаи сахт нишон диҳем. Агар дар интихоботи оянда эътилофи мухолифин пирӯз шавад - эътилофи мухолифин зидди диктатура, пас мо метавонем, вазъро тағйир диҳем", - гуфт Қодирбек Отамбоев.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27 июн дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард. То он замон комисияи вакилон зидди вай шаш айб эълом карда буд. Додситонӣ хулоса кард, ки 5 айби эъломшуда асоснок аст. Отамбоеви калонӣ гуфт, айбҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Президенти пешинро барои бозпурсӣ ба вазорати корҳои дохилӣ даъват карданд, вале вай ҳозир нашуд.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй бо ҳадафи иҷборан ба бозпурсӣ ҳозир кардани президенти пешин ҳамла сурат гирифт. Баъди боздошт нисбати Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани дузди қонунӣ Азиз Батукаев, бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Иштирок дар ҷиноят" парванда боз шуд. Бо қарори додгоҳ, Отамбоев то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додситонии Қирғизистон 13 август хабар дод, ки нисбати президенти пешин дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош чанд парвандаи дигар боз шудааст.

XS
SM
MD
LG