Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди ду узви мусулмони Конгресс ба Исроил манъ шуд


Исроил вуруди ду узви демократи Палатаи намояндагони ИМА Рашида Тлайб ва Илҳон Умарро ба ҳудуди худ манъ кард. Ин ду нафар нахустин занони мусулмоне ҳастанд, ки узви Конгресси ИМА интихоб шудаанд.

Тлайб ва Умар бо интиқодҳои худ аз президенти ИМА Доналд Трамп ва сиёсати Исроил нисбат ба Фаластин маъруфанд. Онҳо ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати фаластинии зиддиисроилии "Таҳрим, худдорӣ аз сармоягузорӣ" даъват карда буданд. Бар асоси қонунҳои Исроил, вуруди ҷонибдорони ҳаракати мазкур ба ин кишвар манъ аст.

Трамп дар Твиттер навишт, ки агар Исроил ба вуруди Тлайб ва Умар иҷозат диҳад, заъфи худро нишон хоҳад дод.

Раҳбари демократҳо дар Конгресс Нэнси Пелосӣ гуфт, аз ин тасмими мақомоти Исроил сахт нороҳат аст. Раҳбари ақалияти демократҳо дар Сенат Чак Шумер аз Исроил даъват кард, ки тасмими худро бозбинӣ кунад. Ба гуфтаи Умар, қарори манъи вуруд ба Исроил таҳқиромез аст. Тлайб дар навбати худ онро заъфи Исроил номид.

Сафири Исроил дар ИМА Рон Дермер моҳи июл гуфт, ба хотири эҳтироми Конгресси ИМА ва муносибатҳои Амрикову Исроил ба Тлайб ва Умар иҷозат медиҳанд, ки ба кишвараш ворид шаванд.

Расонаҳо навиштанд, ки аъзои Конгресс тасмим доштанд, дар ҷараёни сафари худ аз Масҷиди Ал-Ақсо низ дидан кунанд. Масҷид дар қисме аз шаҳри Байтулмуқаддас қарор дорад, ки Исроил онро дар натиҷаи ҷанги соли 1967 ҳамроҳ бо Соҳили ғарбӣ ғасб карда буд.

Тлайб зани фаластинитаборест, ки дар иёлати Мичиган ба дунё омадааст. Умар замони кудакияш аз Сомалӣ ба ИМА муҳоҷир шудааст.

XS
SM
MD
LG