Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Кобул дар рафъи оқибати ҳодисаҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд


Мақомоти умури изтирории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шоми 21-уми август дар чаҳорчӯби як ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе созишномаи ҳамкорӣ дар бораи ҳамкорӣ дар умури пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табийӣ созишнома имзо карданд.

Наҷиби Фаҳим, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин созишнома шароити қонунӣ барои эъзоми наҷотдиҳандагони ду кишвар барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои ҳамдигарро фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи Наҷиби Фаҳим, ҳамчунин омӯзиши наҷотдиҳандагони афғон дар марказҳои таълимии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст ва тибқи бандҳои ин созишнома барои фиристодани сареи наҷотдиҳандагон зарурати дарёфти визо бекор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки наҷотдиҳандагони тоҷик метавонанд танҳо ба он минтақаҳои офатзадаи Афғонистон эъзом шаванд, ки таҳти назорати сохторҳои давлатӣ қарор доранд. "Ҳеҷ кишваре наҷотдиҳандагони худро ба кишваре, ки дар он ҷо ба ҷони наҷотдиҳандагон хатар вуҷуд дорад, намефиристад",-афзуд Рустам Назарзода.

Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак доранд. Ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаҳои марзии яке аз ин кишварҳо метавонад ба дигаре таъсир расонад. Аз ҷумла дар тобистони соли 2017 фаромадани сел дар ду мавзеи Дарвози Афғонистон маҷрои дарёи Панҷро баст ва ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғро барои чанд ҳафта ба мушкил рӯбарӯ намуд.

XS
SM
MD
LG