Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони фаронсавӣ: Марди ҳамлагари афғон дучори бемории рӯҳӣ будааст


Паноҳгоҳи муваққатии паноҳҷӯён дар Фаронса
Паноҳгоҳи муваққатии паноҳҷӯён дар Фаронса

Як додситони минтақавӣ дар Фаронса рӯзи 1 сентябр гуфт, марди афғоне, ки дар паи ҳамла бо корд як нафарро кушта ва ҳашт тани дигарро захмӣ кардааст, бемори рӯҳӣ буда, дучори “ҳазёни параноидӣ” мебошад.

Додситон Никола Жаке рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо АП гуфт, ки замони ҳамла мард таҳти таъсири дору қарор дошт ва вақте ба одамон ҳамла мекард, мегуфт, ки “садое мешунавад, ки ба ӯ мегӯяд “бикуш””.

Ҳодисаи ҳамла рӯзи 31 август дар истгоҳи метрои канораҳои шаҳри Лион рух дод. Пеш аз он ки полис расида омад, гурӯҳи раҳгузарон тавонистанд пеши роҳи марди ҳамлагарро бигиранд. Исми гумонбари ҳамлагар, ки 33 сол дорад, нашр намешавад ва ҳамчунин дар феҳристи афроди муттаҳам дар ифротгароӣ ворид нашудааст. Полис дар манзили ин мард ду корд пайдо кард, вале ҳеҷ адабиёти дорои хусусияти ифротидошта ошкор нашудааст.

Ин мард дар як муассисаи нигаҳдошти паноҳҷӯён нигаҳдорӣ шуда, бо корти будубоши муваққатӣ дар Фаронса таъмин шудааст. Баъди ҳамлаҳои маргбори ифротгароён солҳои 2015 ва 2016, шаҳру манотиқи Фаронса дар шароити омодабоши амниятӣ ба сар мебаранд ва полиси мусаллаҳ бисёр вақт дар кӯчаву хиёбон ва метрову дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ гаштугузор мекунад.

XS
SM
MD
LG