Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ масҷиди бунёдкардаи Отамбоевро ба ҳабс гирифт


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек масҷиди шаҳраки 7-уми шаҳрро ба ҳабс гирифт. Тафтишот таҳқиқ мекунад, ки президенти пешин Алмосбек Отамбоев маблағи сохтмони масҷиди мазкурро аз куҷо пайдо кардааст. Дар ин бора маркази матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.

Қитъаи замини иборат аз як га ва масҷиди мазкур ба номи "Ширкати илмиву истеҳсолии Форум" сабт шудааст, ки ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев марбут аст.

Масҷиди шаҳраки 7-ум - "7-апрел шейиттери" - моҳи апрели соли ҷорӣ кушода шуда буд. Алмосбек Отамбоев дар маросими кушоиши он ширкат дошт. Вай гуфт, дар сохтмони масҷид "дӯстонаш" кумак кардаанд. Дар соли 2016, замоне ки Отамбоев ҳанӯз президент буд, гуфт, дар қитъаи замини мутааллиқ ба раиси ҷумҳур масҷиде ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳаводиси апрели соли 2010 сохта мешавад.

Алмосбек Отамбоев 8-уми август дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош боздошт ва то 26-уми август ба ҳабс гирифта шуд. Вале додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси вайро то ба 26-уми октябр дароз кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG