Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои Малайзия


Владимир Семах
Владимир Семах

Додгоҳе дар шаҳри Киев Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзияро озод кард, зеро президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, доду гирифти зиндониён бо Украина дар остонаи поёнёбист.

Додгоҳи аппелятсионии Киев ин қарорро рӯзи 5-уми сентябр баровард ва гуфт, Семах бояд дарҳол, пас аз ваъдаи берун нарафтан аз кишвар, озод карда шавад.

Аз рӯи гузоришҳо, шаҳрванди Украина Владимир Семах дар миёни ҷудоиталабони Русия, дар шаҳре, ки ҳавопаймо сарнагун карда шуда буд, як воҳиди дифои ҳавоиро назорат мекард.

Пажуҳиши байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд, аллакай ба хулосае омадааст, ки ҳавопаймои тиҷоратӣ бо мушаки “Бук”-и Русия зада шудааст ва дар қаламрави ҷудоихоҳони тарафдори Маскав ҷойгир шудааст.

Ин қарор пас аз гуфтушунидҳо миёни Маскаву Киев дар бораи доду гирифти маҳбусон қабул мешавад, ки аз рӯи хабарҳои тасдиқнашуда Семахро низ дар бар мегирад.

Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри шарқии Владивосток Путин гуфт, созишнома дар бораи доду гирифти зиндониён “наздик аст”.

Киев хостори бозгашти 24 маллоҳе мебошад, ки аз ҷониби Русия соли гузашта дар Қрими ҷудошуда дастгир шуданд ва инчунин коргардон Олег Сентсов ва дигарон, ки гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳукумати Киев "зиндониёни сиёсӣ" дар Русия меноманд.

Озодкунии Семах як рӯз пас аз он фаро мерасад, ки гурӯҳи 40-нафараи аъзои Порлумони Аврупо нома навишта, аз президенти Украина Владимир Зеленский дархост кард, гумонбарро ба ягон доду гирифт ҳамроҳ накунад.

Дар нома гуфта мешавад, Семах "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои MH17 мебошад, ки дар он 298 нафар кушта шуд. Масъулони як таҳқиқоти байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд аллакай изҳори нигаронӣ кардаанд, ки фиристодани Семах ба хоки Русия имкон нахоҳад дод, ки ӯ дар доираи парванда пурсуҷӯ карда шавад.

XS
SM
MD
LG