Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагие, ки пушти ҷашнҳои бодабдаба дида намешавад. ВИДЕО


Сокинони Кӯлоб ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар омода мешаванд. Садҳо коргари идораҳои давлатӣ “тарзи дурусти таъзим”-ро машқ мекунанд ва ҳазорон донишҷӯву хонандаи мактаб барои иштирок дар барномаи ҳунарӣ тамрини рақс доранд.

Ба гуфтаи мақомот, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми сентябр ба минтақаи Кӯлоб меравад. Тибқи маъмул сафари президент ба ҳар минтақа сабаби ободӣ ва тозакориҳо мешавад, вале имсол дар ростои интихоботҳои порлумонӣ ва президентии соли оянда талошҳои муваффақ нишон додани корҳо ба маротиб бештаранд.

Назди биноҳои навбунёд духтарони донишҷӯ тарзи дурусти пешниҳоди қайчӣ ба раҳбари давлатро машқ мекунанд. Лентаи биноҳои навсохтро бояд президенти кишвар бибурад ва боз кардани ҳар як бинои нав ба як маъракаи мадҳу сано табдил меёбад.

Ин ҳама омодагиҳо, ки баъдан ба воситаи шабакаҳои давлатӣ фаровон таблиғ мешаванд, зиндагӣ ва мушкилоти воқеии садҳо сокини шаҳрро дар паси парда мегузорад. Ақидае роиҷ аст, ки дар рӯзи ҷашн набояд аз душвориҳо чизе гуфт, вале дар сафарҳои гузашта низ чунин будаасту чунон шудааст.

Бозоралӣ Ашӯров, сокини шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯяд, дарду мушкилоташро касе намебинад ва баръакс, чунин маъракаҳо, ба кори бе ин ҳам камдаромадаш халал мерасонанд. Ӯ зиндагиашро бо мусофиркашонӣ мечархонад. Мусофиркашӣ бо воситаи нақлиёти фарсуда, ки миёни сокинон бо номи “Тангем” шинохта мешавад, ягона василаи даромади хонаводаи ӯст. Бозоралӣ мегӯяд, “иди истиқлол барои одамони пулдору мансабдор аст ва ин омодагиҳо худнамоианд”.

“Ду гов доштам. Якеашро фурӯхтам ва ин Тангемро харидам. Зиндагиро бо ҳамин пеш мебарем”, -- гуфт ӯ рӯзи 10-уми сентябр. Рӯзҳои ҷашн "кор мемурад", чунки роҳҳои мошингард баста мешавад ва мардум камтар ба ҳар ҷой мераванд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Зиндагие, ки пушти ҷашнҳои бодабдаба дида намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Ҳоло, ки фазои Кӯлоб аз суруди ватандорӣ ва васфи истиқлол, ки аз варзишгоҳи марказӣ ҳангоми тамрини донишҷӯён садо медиҳад, пур аст, Бозоралӣ ба ёди Шӯравӣ афтодааст. Пас аз касби истиқлол дар соли 1991 замин ба сокинон дода шуд. Ӯ бо ҳамсараш хоҷагии деҳқонӣ таъсис доданд. Мебоист рӯзгорашон танзим меёфт.

Ӯ мегӯяд, истиқлол тантанаи адолат аст, аммо аз он рӯз ҳаққашро гум кард. Ҳамон заминро, ки ӯ аз он ризқ меёфт, аз ӯ гирифтанд.

“Аз ҳамин ҳисоби заминҳои хоҷагиамон шаш фарзанди худам ва панҷ ятими кулро ба воя расондем. Лекин, мутаассифона, заминҳои моро аз они худ карданд”, -- гуфт ӯ. Мақомот иддаои ӯро нодуруст медонанд ва мегӯянд, ӯ заминҳоеро истифода мекард, ки санадҳояш пурра набуд.

Бозоралӣ аз ин қаноатманд нест ва мехоҳад, дар рӯзҳои сафари президент ба назди ӯ роҳ ёфта, додашро бирасонад. Интизори ягонаи ӯ аз сафари президент ҳамин аст.

Муродмад Сафаров, сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар бозор халтаҳои селофанӣ мефурӯшад ва аробакашӣ мекунад. Чанд сол аст, ки ҷашнҳои миллӣ аз ёдаш рафтааст. Ӯ сафари президентро муҳим медонад ва мехоҳад, президент бидуни сензура бо сокинон вохӯрад.

“Вақте ки сафар мекунад, дар минтақаҳо рӯзи қабул ташкил кунад. Худаш моро қабул кунад”, -- мегӯяд ӯ.

Маъмулан, зимни сафари президент ба минтақаҳо сокинон барои сӯҳбат бо президент аз қабл омода мешаванд. Солҳои ахир, ин “сӯҳбатҳо” бо шеър хондан ва тавсиф аз шахси президент ва ҳамзамон худнамоии шахси гӯянда маҳдуд шудааст.

Ҷӯрахон Кабировро, ки даҳ сол боз дар ҳар сафари президент талоши бо ӯ вохӯрдан мекунад, харҷҳои ин таҷлилу пешвозгириҳо ҳайрон кардааст. Вай ҳеч бор муваффақ нашудааст, ки камтар аз 5 километр ба маҳалли мулоқоти президент наздик шавад.

Ҷӯрахон мегӯяд, чун имкони вохӯрдани Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони одӣ нест, беҳтараш ба ҷойи харҷу омодагӣ ба пешвози президент корхонаҳое созанд, ки “даҳ нафар кор пайдо кунанд”.

Аз назари ин деҳқони собиқадор, солҳои охир дар ҷомеааш калимаҳои "истиқлолият" ва "ҳуқуқ" тағйири маънӣ кардаанд.

“Истиқлол ин озодии сухан, озодии виҷдон аст. Ҳар як шаҳрванд бояд озод бошад, озодона суханашро гӯяд, ҳаққи худро талаб кунад. Дар Кӯлоби мо куҷост озодии сухан?” -- суол медиҳад ӯ. Вай ҳамчунин тазодеро меорад, ки ҳангоми интихобот одамон ҳақ доранд, ба номзади президентӣ овоз диҳанд, вале баъдаш кор тавре мешавад, ки онҳо ҳақ надоранд, ба президент рубару шаванд ва арзашонро расонанд.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар чунин вазъият ҷашни Истиқлол барояшон бештар зоҳирӣ ва расмӣ хоҳад буд, ҳарчанд онҳо як иди оммавӣ ва мардумиро мехоҳанд.

XS
SM
MD
LG