Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Хабаррасони CIA дар Кремлин соли 2017 аз Русия берун бурда шуд


Матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод, соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.

Нашрияву хабаргузориҳои мисли New York Times, CNN ва Washington Post рӯзи 9 сентябр гузориш доданд, ки ин мард ба унвони як манбаи хеле арзишманди иттилоотии Амрико арзёбӣ мешавад. Бо вуҷуди ин ки ӯ ба доираи наздики ҳамкорони Путин ворид набуд, ба тамоми нақшаҳо ва иттилоти махфии амниятӣ дастрасӣ дошт.

Вале як манбаи беном дар ҳукумати Русия ба нашрияи “Коммерсант” гуфт, ки ин гузоришҳо ҳама дурӯғ ҳастанд. Сухангӯи CIA ба телевизиони CNN гуфт, ки ин хабар “ҳадсу гумонҳои иштибоҳӣ” мебошад. Сухангӯи Кохи Сафед гузориши CNN-ро носаҳҳеҳ хонд.

Нашрияи Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.

Хулосаҳо дар ин замина январи соли 2017 шаш ҳафта баъди интихобот, ки бо пирӯзии Трамп дар муқобили рақиби демократаш Ҳилларӣ Клинтон анҷомид, нашр шуд. Кумитаҳои Конгресс ҳам, ки маъракаи интихоботии соли 2016-ро таҳқиқ карданд, бо ин хулосаҳо розӣ шуданд.

Охири соли 2016 ва 2017, ба навиштаи Times, CIA дар фикри аз Маскав берун овардани ин шахс шуд, вале ӯ бо сабаби нигарониҳои оилавӣ ин пешниҳодро рад кард. Вале ниҳоят ин мард дар нимаи аввали соли 2017 ба кӯчидан розӣ шуд.

Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттило дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.

CNN инчунин гузориш дод, ки қарори ба ИМА кӯч додани ин шахс ба нигарониҳо аз сарнавишти ӯ бастагӣ дошт, чунки мақомоти иттилоотӣ дар ҳарос буданд, ки Трам метавонад иттилои бисёр махфиро дар ихтиёри мақомоти Русия гузорад. Ин иттило аз ҷониби сухангӯи Кохи Сафед қотеона рад шудааст.

Вале Times ва Post гузориш доданд, ки қарори мазкур аз нигарониҳо дар бораи вуҷуди шахси иттилоърасон дар Маскав бармеомад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи “Коммерсант” гузориш дод, ки хабаррасони эҳтимолӣ метавонист корманди баландпояи дастгоҳи президент ва дар гузашта як коргари сафорати Русия дар Вашингтон бошад. Ин нашрия ӯро Олег Смоленков номидааст.

Дар посух ба саволи ин нашрия сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки марде бо чунин ном воқеан ҳам дар маъмурияти президент кор кардааст, “вале чанд сол пеш аз мақомаш озод шуд”.

Ба савол дар бораи ин ки чаро русҳо натавонстанд ҷосуси хориҷиро сари вақт ошкор кунанд, Песков гуфтааст: “фаъолияти идораҳои зидди ҷосусии Русия хуб аст”.

Дар иттилои расмии ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки шахсе бо номи Олег Смоленков воқеан ҳам дар солҳои 2008 то 2010 дар маъмурияти Дмитрий Медведев кор кардааст. Медведев солҳои 2008 то 2012 раиси ҷумҳурии Русия буд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам шахсе бо номи Олег Смоленков дар мақоми котиби дуюми сафорати Русия дар Вашингтон ҳам кор карда буд.

Дар гузорише, ки вебсайти Daily Storm соли 2017 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки муфаттишони рус баъди хабари гӯё нопадид шудани Смоленков ва оилааш дар Монтенегро (Черногория) барои тақиқи моддаи “куштор” парванда боз карданд. “Коммерсант” бо такя ба як афсари беном навишт, ки таҳқиқи куштор чандин бор боз ва ҳамингуна баста шудааст.

XS
SM
MD
LG