Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Хуҷанд" бо "Қӯқанд-1912" мусовӣ ва дӯстона анҷом ёфт


Бошгоҳи футболи "Хуҷанд"
Бошгоҳи футболи "Хуҷанд"

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои "Қӯқанд-1912"-и Узбекистон ва "Хуҷанд"-и Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯқанд баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи "Хуҷанд" хабар додааст.

Аз тамошои ин бозии пургол, ки пуршиддату шавқовар сурат гирифт, мухлисон лаззат бурданд. Голи охирин, ки онро дар дақиқаи 90-уми дидор ҳамлагари меҳмонон Дилшод Каримов зад ва натиҷаи бозиро мусовӣ кард. Ду голи дигари "Хуҷанд"-ро дар ин бозӣ Дилшод Восиев ва Парвиз Алиев ба самар расониданд.

Пеш аз оғози бозӣ президенти бошгоҳи футболи "Қӯқанд-1912" Бахтиёр Толибов ба мудири иҷроияи бошгоҳи футболи "Хуҷанд" Муродҷон Умаров ва сармураббии даста Виталий Левченко ба нишони эҳтиром ва дӯстӣ миёни ду кишвар ва ду даста ҷомаву тоқӣ ва миёнбанд тақдим намуд.

Бозии байналмилалии дӯстона "Қӯқанд-1912" - "Хуҷанд"- 3:3

Голҳо: Шаҳбоз Эркинов, 19' (1:0). Суҳроб Бердиев, 22' (2:0). Дилшод Восиев, 44' - аз пеналтӣ (2:1). Темур Усмонов, 56' (3:1). Парвиз Алиев, 74' (3:2). Дилшод Каримов, 90' (3:3).

"Қӯқанд-1912" (Узбекистон): Ислом Абдуллоев (Музаффар Абдуллоев, 46), Ҷамшед Ҳасанов (Алишер Саматов, 35), Темур Ҳакимов, Аваз Маматхуҷаев (Ҷасур Ҳасанов, 46), Ойбек Рустамов, Ҷаҳонгир Аҳмадов (Зафар Тураев, 46), Суҳроб Бердиев (Темур Усмонов, 46), Иқбол Маликҷонов, Шаҳбоз Эркинов (Отабек Ҳайдаров, 46), Марко Милич (Ҷасур Ёқубов, 46), Мурод Холмуҳаммадов.

"Хуҷанд" (Тоҷикистон): Муъминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Баротов, Дилшод Каримов, Фирдавс Чақалов, Бахтиёр Чориев, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Турсуналӣ Рустамов, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 46), Юрий Захаркив (Парвиз Алиев, 71).

XS
SM
MD
LG