Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис бо эътирозгарон дар маркази Ҳонгконг


Рӯзи 15-уми сентябр пулис ва эътирозгарон дар Ҳонгконг бо ҳам даргир шуданд. Бо вуҷуди монеагузории пулис, тазоҳургарон дар маркази шаҳр ҷамъ омаданд. Мақомот барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва дастгоҳи обпошӣ истифода карданд. Эътирозгарон, ки бо худ парчамҳои Бритониёро доштанд, дар назди бинои консулгарии он кишвар барои ҷалби ҳимояти байналмилалӣ дар ситоиши малика Елизаветаи дувум оҳанг сар доданд. Тазоҳурот дар Ҳонгконг моҳи июни имсол, баъд аз қабули як лоиҳа оғоз шуд, ки бино бар он ҳукумат муттаҳамонро ба Чин медод. Ҳарчанд ҳукумат лоиҳаро пас гирифт, тазоҳуркунандагон бо густариши эътирозҳои худ хостори интихобот ва посухгӯии мақомоти пулис ҳастанд. Аз оғози тазоҳурот 1300 нафар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG