Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти Сурия дар суҳбати раҳбарони Туркия, Русия ва Эрон


Сентябри соли 2018
Сентябри соли 2018

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 16 сентябр дар Анкара ҳамкорони худро аз Русия ва Эрон ба хотири баррасии охирин таҳаввулоти Сурия мизбонӣ мекунад. Эрдуғон ҳамроҳ бо президенти Русия ва Эрон - Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ қарор аст сари мавзӯи Сурия ва мавқеи нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар дар муқобила бо охирин пойгоҳи шӯришиён дар Идлиб гуфтугӯ кунад. Дар ин минтақаи шимолуғарби Сурия баъди чор моҳи ҷангҳо охири моҳи гузашта муқаррароти оташбас ба иҷро даромад. Вале бо вуҷуди ин ки муқаррароти оташбас амал мекунад, бархе ҳодисаҳои нақзи ин қоида мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта шаш нафар кушта шуд. Муҳорибаи охири муҳим дар Идлиб хатари афзоиши шумори муҳоҷиронро дар пай дорад, ки самти паноҳҷӯиашон Туркия хоҳад буд ва Анкара аллакай то ҳол беш аз 3,6 миллион муҳоҷири суриягиро сарпаноҳ додааст.

Соли гузашта Русия ва Туркия созишномае дар бораи минтақаи ҳоилро имзо карданд, ки бар асоси он Идлиб аз ҳамлаи нирӯҳои ҳукуматии Сурия эмин хоҳад буд. Анкара дар ин минтақа 12 посгоҳ таъсис додааст, вале бо ин вуҷуд аз он ҳарос дорад, ки нирӯҳои ҳукуматии Сурия бо кӯмаки ҳавоии Русия Идлибро зери назар мегиранд. Ин нишасти панҷуми се кишвар аз моҳи ноябри соли 2017 мебошад.

XS
SM
MD
LG