Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фараҳ ҳафт зану кӯдак қурбони бомбаи сарироҳӣ шуданд


Кобул, баъди таркиши 12 сентябр
Кобул, баъди таркиши 12 сентябр

Дар таркиши мошине, ки аз болои бомбаи дар роҳ ҷойшуда ҳаракат кард, ҳафт сокини Афғонистон кушта шуд. Ҳодиса 15 сентябр дар вилояти ғарбии Фараҳ рух дод.

Муҳибулло Муҳиб, сухангӯи раиси полиси вилоят гуфт, ки дар миёни қурбониёни таркиш занону кӯдакон буданд. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҷангиёни Толибон бисёр фаъол ҳастанд ва дар оғози моҳи сентябр дар як ҳамлае тавонистанд шаҳри Фараҳро ба даст оваранд. Шӯришиён як маркази ҷалби сарбозон ба артишро ғасб карда онро оташ заданд.


Дар ҳамин ҳол ширкати энержии Афғонистон гуфт, баъди дар таркиш нобуд шудани сутунҳои хати барқ дар вилояти Бағлон, сеяки кишвар аз барқ маҳрум шудааст. Ҳамла дар рӯзҳои шанбеву якшанбеи гузашта рух дод. Ширкати барқи Афғонистон рӯзи 16 сентябр бо пахши изҳороте гуфт, ки се сутуни барқ бо тавоноии 220 киловолт, ки аз Узбекистон содир мешавад, рӯзи 15 сентябр хароб карда шуд ва дар натиҷа, аз 34 вилоят 11-тоаш, аз ҷумла Кобул аз барқ маҳрум шуданд. Маълум нест, ки ин ҳодиса кори дасти кист.

XS
SM
MD
LG