Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон ба Эътилофи таҳти роҳбарии Амрико мепайвандад


Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ба эътилофи баҳрии Амрико дар обҳои ҷануби Эрон мепайвандад. Ин тасмими Арабистон пас аз ҳамла ба таъсисоти нафтиаш сурат мегирад, ки боиси коҳиши содироти нафти ин кишвар шуд.

Ҳукумати Арабистон дар баёнияи тозаи худ гуфтааст, ба Эътилофи дарёӣ бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар обҳои ҷануби Эрон мепайвандад. Ҳадаф аз ташкили ин Эътилоф таъмини амнияти баҳрнавардӣ дар Халиҷи Форс гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир Австралия, Бритониё ва Баҳрайн ба Эътилофи таҳти роҳбарии Амрико шомил ҳастанд.

Баёнияи тозаи ҳукумати Арабистон пас аз он нашр мешавад, ки рӯзи шанбеи 14-уми сентябр таъсисоти нафтии калидии ин кишвар ҳадафи ҳамлаи густурда қарор гирифтанд.

Ҳамла ба таври чашмгир тавлиди нафти Арабистонро кам кард, ҳарчанд мақомоти саудӣ гуфтанд, ин коҳиш муваққатӣ аст.

Мақомҳои Амрико Теҳронро омили ҳамла муаррифӣ карданд, аммо Арабистон то ҳанӯз ба таври мушаххас нагуфтааст, ки ҳамла тавассути чӣ касе ё касоне анҷом шудааст.

Мақомҳои Арабистон танҳо гуфтанд, таҳқиқи аввалия нишон медиҳад, ки силоҳҳои истифодашуда дар ҳамла ба таъсисоти нафтии "Бақиқ" ва майдони нафтии "Харис" "эронӣ ҳастанд."

Теҳрон иттиҳоми мазкурро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG