Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароҳои рус як зодаи Узбекистонро корд заданд


Намояндагони гуруҳи ғайрирасмии дорои гароиши миллӣ-сотсиалистӣ аз Маскав ба шаҳрванди Узбекистон ҳамла бурданд. Шаҳрванди маҷруҳшудаи Узбекистон бистарӣ ва дар шӯъбаи эҳё қарор дорад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Чаҳор ҷавони тундгарои аз 17 то 20-сола барои истироҳат ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Мошини онҳо аз кор монд ва ду тан аз онҳо хостанд, ба сайри шаҳр бароянд. Дар хиёбони Среднеохтини шаҳр онҳо бо зодаи Узбекистон баҳсу ҷанҷол намуда, бо корд ба ӯ ҳамла кардаанд.

Пулис мегӯяд, дар дасту бозуи ҷавонон рамзҳои Рейхи Севум ва СС ҳаккокӣ шудааст. Ҷавонон боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG