Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Канада баъди нашри аксаш ба нажодпарастӣ айбдор шуд


Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо пас аз нашри акси 18 сол пеш, ки дар он ба рӯяш креми қаҳваӣ молидааст, мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, ба нажодпарастӣ айбдор шуд. Таҷрибаи ба истилоҳ, "чеҳраи қаҳваӣ" (brownface) нажодпарастӣ шумурда мешавад.

Ин акс, ки дар маҷаллаи амрикоии Time нашр гашт, соли 2001 дар шабнишинии "Шоми арабӣ" дар як мактаби хусусӣ гирифта шудааст ва сарвазири Канада он замон омӯзгор буд. Трюдо дар сар салаи сафед дошта, ба рӯяш креми қаҳваӣ молидааст. Ба гуфтаи худи Трюдо, ӯ дар он шабнишинӣ Аладдинро тақлид карда буд. Расонаҳо дертар аксҳои ҳамсони дигари сарвазири Канадаро нашр карданд.

Худи Трюдо амалкардашро хеле таассуфовар номид. "Бояд ин корро намекардам. Ман бояд инро медонистам. Он замон фикр намекардам, ки кори ман нажодпарастӣ аст, вале ҳоло медонам, ки ҳаст ва хеле таассуф мехурам", - изҳор дошт ӯ.

Расонаҳои хориҷӣ ва Канада менависанд, ин моҷаро барои Трюдо дар пешорӯи интихоботи порлумонии кишвараш, ки қарор аст, 21 октябр баргузор шавад, мушкил эҷод хоҳад кард. Бар пояи назарсанҷиҳои ахир, фисади ҷонибдорони Ҳизби либералии Ҷастин Трюдо ва рақиби асосии муҳофизакораш тақрибан якхел - 35% ҳастанд.

Шӯрои миллии мусулмонони Канада дар робита ба аксҳои Трюдо изҳори таассуф карда, вале барои узр пурсиданаш миннатдорӣ баён намуд.

"Чеҳраи қаҳваӣ" (brownface) ё "чеҳраи сиёҳ" (blackface) таҷрибае буд, ки одамони сафедпуст дар асрҳои XIX–XX бо ҳадафҳои вақтхушӣ дар саҳнача ва намоишҳои театрии худ истифода мекарданд.

Ҷастин Трюдои 43-сола писари Пйер Трюдо аст, ки солҳои 1968-1984 сарвазири Канада буд. Трюдои хурдӣ аз соли 2013 Ҳизби либералӣ ва аз соли 2013 ҳукумати Канадаро раҳбарӣ мекунад. Ӯ бо ҳимоятҳояш аз ҳуқуқи бонувон, ақалиятҳои миллӣ ва ҷинсӣ маъруф аст.

XS
SM
MD
LG