Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистонро барои нопадид шудани зиндониҳо танқид карданд


Дар ҷаласаи байналхалқии САҲА дар Варшава, ки имрӯзҳо баргузор мешавад, гуфта шуд, ки Туркманистон аз иҷрои уҳдадориҳояш дар мавриди қатъи нопадидсозии иҷбории зиндониҳо саркашӣ мекунад.

Маъракаи "Онҳоро зинда нишон бидеҳ!" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Туркманистон фишори "қатъӣ ва пайиҳам" оваранд, то ба таҷрибаи "мудовим"-и давлатӣ хотима гузошта шавад.

"Ҷинояти иҷборан нопадид кардани зиндониён дар Туркманистон идома дорад", - гуфтанд намояндагони ин маърака дар Варшава.

"Дар соли 2018 фишори САҲА, СММ ва Иттиҳоди Аврупо афзоиш ёфт ва билохира натиҷаи мустаб ба бор овард. Аммо сар аз моҳи сентябри соли 2018 тамоюл тағйир ёфт: гуфтугӯи нарми дипломатӣ ҷойи фишорро гирифт ва ҳукумати Туркманистон дубора ба мавқеи пешинаш баргашт", - афзуданд намояндагони ин маърака.

Ширкатдорони маърака мегӯянд, соли гузашта Туркманистон гуфтугӯяшро бо Гуруҳи кории СММ дар умури нопадидшавии иҷборӣ қатъ кард. Инчунин, Ишқобод посух доданро ба дархостҳо қатъ ва тавсияҳои СММ-ро дар умури нопадидшавии иҷборӣ ба инобат нагирифт.

XS
SM
MD
LG