Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ дар умури додгоҳҳои мустақим ба Тошканд меравад


Гузоришгари махсуси СММ дар умури додгоҳҳои мустақим ва вакилони мудофеъ Диего Гарсия-Саян барои омӯзиши мустақилии додгоҳҳои Узбекистон ба Тошканд меравад.

Ба иттилои расонаҳо, гузоришгари махсуси СММ аз19 то 25-уми сентябр дар Тошканд хоҳад буд ва бо намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузор ва додгоҳӣ, инчунин бо додситонҳову вакилони мудофеъ мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, вай бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, оҷонсиҳои СММ, донорҳо ва ҷомеаи дипломатӣ ҳам мулоқот хоҳад кард.

Диего Гарсия-Саян гуфт, умедвор аст "бо ҳукумат дар масъалаи ислоҳоти судӣ гуфтугӯи созанда ба роҳ монад".

Дар поёни сафараш намояндаи СММ рӯзи 25-уми сентябр нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG