Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёте дар Ҳилманд камаш 35 ғайринизомӣ кушта шудааст


Мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон гуфтанд, ки дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа дастикам 35 сокини осоишта кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шаби 22-юми сентябр рух дод.

Нерӯҳои вижа ба хонае, ки ба қавли мақомоти расмӣ, Толибон барои омода кардани террористони маргталаб истифода мебурданд, ҳамла кардаанд. Дар наздикии маҳалли амалиёт маросими арӯсӣ будааст.

Атоуллоҳ Афғон, узви Шӯрои вилоятӣ дар Ҳилманд гуфт, "35 нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шуданд. Ин мардум дар тӯйи арӯсӣ дар маҳаллаи Хоксори ноҳияи Мӯсоқалъа иштирок доштанд."

Абдулмаҷид Охунзода, узви дигари Шӯрои вилоятии Ҳилманд гуфт, дар ин ҳамла 40 нафар ҷон бохтаанд.

Нерӯҳои амрикоӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт 22 ҷангҷӯи Толибонро куштанд.

Умар Звок, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, гуфт, дар ин амалиёт 14 ҷангҷӯ, бо шумули шаш ҷангҷӯи хориҷӣ, кушта шуданд. Звок гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани мардуми осоишта дар ин амалиёт таҳқиқ мешавад.

Толибон дар як изҳорот иддао карданд, ки дар як маросими арӯсӣ чанд нафар аз сокинон ва 18 низомии афғон кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон гуфт, ҳайати онҳо рӯзи 22-юми сентябр бо фиристодаи хоси Чин барои Афғонистон дар Пекин музокироти сулҳ бо Амрикоро баррасӣ карданд. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки президенти Амрико Доналд Трамп чанд ҳафта пеш музокирот бо Толибонро боздошт.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон дар Қатар, дар саҳифаи расмиаш дар Твиттер навишт, "намояндаи вижаи Чин гуфт, тарҳи тавофуқномаи Амрико ва Толибон чаҳорчӯби муносибе барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон аст ва онҳо аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунанд."

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин низ рӯзи душанбе тасдиқ кард, ки Мулло Бародар, раҳбари ҳайати Толибон ва чанд ёвараш барои табодули афкор ба Пекин рафтаанд.

Минтақаи Шинҷон дар ғарби Чин бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Охири ин ҳафта дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Ин интихоботи чаҳоруми президентӣ аз замони сарнагунии Толибон дар соли 2001 аст.

XS
SM
MD
LG