Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон ҳудуди 100 нафарро дастгир кардааст


Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки тақрибан 100 нафарро барои иштирок дар эътирозҳои бе иҷоза дастгир кардаанд. Тазоҳурот рӯзи 21-уми сентябри имсол дар чанд шаҳри Қазоқистон баргузор шуд.

Эрлан Турғумбоев рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Нурсултон ба хабарнигорон гуфт, "нӯҳ нафар барои чанд рӯз зиндонӣ ва шаш тани дигар ҷарима шуданд. Дигаронро ҷавоб додем." Вазир тафсилоти дигар надод.

Рӯзи 21-уми сентябр пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифин дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва чанд шаҳри дигари ин кишвари ғанӣ аз нафти Осиёи Марказӣ боздошт карданд. Тазоҳурот аз тарафи созмони Интихоби Демократии Қазоқистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар мамнӯъст ва раҳбараш Мухтор Аблязов дар фирор ба сар мебарад, ташкил шудааст.

Мақомоти Қазоқистону Русия ва Украина Мухтор Абдлязовро бо гумони дуздии тақрибан 5 миллиард доллар ҷустуҷӯ мекунанд. Худи вай ин иттиҳомро рад кардааст.

Аблязов рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбати видеоӣ ба телевизиони "Настоящее время" гуфт, боздошти тазоҳургарон дар Қазоқистон "нишонаи тарси бузурги мақомот аст".

Додгоҳи Қазоқистон соли гузашта Мухтор Аблязовро бо ҷурми қатл ғоибона ба ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳе дигар Аблязовро бо гуноҳи "ташкилу раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ, дуздӣ ва мудирияти нодуруст" ғоибона бист сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Мухтор Аблязов ҳамаи иттиҳомотро рад ва дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.

XS
SM
MD
LG