Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як милисаи тоҷик ба гирифтани $30 000 ришва муттаҳам мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маъмурони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як корманди Хадамоти муҳофизаи Вазорати умури дохилиро ба гирифтани 30 ҳазор доллар ришва муттаҳам карданд.

Мақомот мегӯянд, Анвар Саидов дастгир шудааст, вале назари пайвандон ва вакили ӯ ба ин қазия то ҳол дастрас нест.

Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ рӯзи 24-уми сентябр дар хабаре гуфт, Анвар Саидов ва шарикаш Болтухон Болтаев бар асоси шикояти як шаҳрванд моҳи август боздошт шудаанд. Даъвогар гуфтааст, ин ду нафар "барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуданаш 30 ҳазор доллар талаб кардаанд."

Тасдиқи дурустии ин даъво аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Бо ин ҳол, зидди Анвар Саидов ва миёнарав Болтухон Болтаев бар асоси моддаи “гирифтани пора дар ҳаҷми калон” парванда кушодаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба онҳо ҷарима ё аз 7 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори 20 кишвари фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG