Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон: Ҷароҳати 23 тан дар садамаи автобус ва мошини борбар


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар натиҷаи бархӯрди мошини борбар бо автобус 22 мусофир ва ронанда маҷруҳ шуданд.

Ин ҳодиса рӯзи 23-юми сентябр рух дод. Мақомоти пулиси шаҳри Нурсултон мегӯянд, мошини борбар ба автобус роҳ надод ва дар натиҷа ин садама рух дод.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешавад, ки қисмати пеши автобус зарар дидааст.

Баъди расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ 22 мусофир ба манзилҳояшон фиристода шуданд, аммо ронанда бистарӣ гардид. Пулис таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG