Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Қонуни асосии Сурия ташкил шудааст


Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз ташкили Кумитаи Қонуни асосии Сурия хабар дод. Вай рӯзи 23-юми сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йок гуфт, намояндаҳои ҳукумат ва мухолифони сиёсӣ шомили ин кумита хоҳанд буд.

Гуттереш афзуд, Кумитаи Қонуни асосии Сурия баъд аз тақрибан ду соли музокирот амалӣ шудааст. “Ин як кумитаи муътабару баробарвазн ва фарогири ҳама аст”, -- гуфт ӯ ва афзуд, бовар пурра дорад, ки ташкили ин кумита оғози як масири сиёсӣ ба сӯи роҳи ҳалли ҷанги беш аз ҳаштсолаи Сурия хоҳад буд.

Ба қавли дабири кулли СММ, ҳукумати Сурия ва намояндагони мухолифин бар асоси як мувофиқатнома тамоми ихтилофҳоро канор гузошта, дар мавриди ташкили ин кумита созиш кардаанд.

Кумитаи Қонуни асосии Сурия 15 узв дорад.

Аз оғози ҷанг (соли 2011) дар Сурия беш аз 400 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонаву дар шудаанд. Ин ҷанг пас аз саркӯби эътирозҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия оғоз шуд.

Интизор меравад, интихоботи президентии Сурия соли 2021 баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG