Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон 868 маҳбусро афв кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо имзои як фармон 868 маҳбусро афв кард. Дар ин бора Хабаргузории давлатии Туркманистон рӯзи 23-юми сентябр иттилоъ дод.

Манбаъ афзудааст, ки фармони мазкур "бо риояи усули раҳмдилӣ ва инсонгарӣ бахшида ба 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Туркманистон ба имзо расидааст". Рӯзи истиқлоли Туркманистон имсол 27-уми сентябр таҷлил хоҳад шуд.

Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон вазифадор шудаанд, ки тамоми расмиётро то 27-уми сентябр анҷом диҳанд, то афвшудаҳо тавонанд, ҷашнро дар иҳотаи наздиконашон таҷлил кунанд.

Президенти Туркманистон дар як сол чанд бор бахшида ба ҷашну санаҳои муҳим маҳбусонро афв мекунад. Моҳи марти соли 2019 низ бахшида ба Иди Наврӯз 2028 зиндонӣ афв гашта буданд.

Вале ин афвҳо ба маҳбусони сиёсӣ дахл надоранд.

XS
SM
MD
LG