Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқ барои тӯҳмат ба 34 моҳи ҳабс маҳкум шуд


Додгоҳе дар шаҳри ҷанубии Сариағаши Қазоқистон журналист Амонгелдӣ Ботирбековро бар асоси моддаи тӯҳмат ба 2 солу 10 моҳи ҳабс маҳкум кард. Додгоҳ дар ҳукми рӯзи 23 сентябри худ гуфт, ки Ботирбеков бо нашри шарҳе бо номи “Девонагиҳо дар Келес” шаъну эътибори як мақоми маҳаллии бахши маорифро поймол кардааст. Гулзода Боймуродова, ҳамсари журналисти маҳкумшуда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд. Соли 2017 баъди нашри мақолае дар нашрияи маҳаллӣ, ки онро додгоҳ ҳамчун таҳқир дар ҳақи додситони ноҳияи Сариоғош арзёбӣ кард, ба 18 моҳи шартии маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда буд. Созмони ҳомии озодии баён “Одил соз” (“Сухани ҳақ”) Ботирбековро зиндонии виҷдон унвон кард. Ин созмон мегӯяд, ки дар чаҳор моҳи аввали соли 2019 дар Қазоқистон нӯҳ журналист бар асоси моддаи “тӯҳмат” мавриди пайгард қарор доштанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Қазоқистон даъват карданд, ки аз Кодекси ҷиноӣ моддаи тӯҳматро ҳазф кунад.

XS
SM
MD
LG