Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи президенти пешини Қирғизистон боздошт шуд


Канат Сагимбоев, муҳофизи Алмосбек Отамбоев - президенти пешини Қирғизистон боздошт шуд. Дар ин бора Замир Жоошев, вакили мудофеъ хабар дод.

Навори Сагимбоев дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ ва дар даст завлона дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Мақомоти расмӣ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, Сагимбоев пеш аз боздошт чанд соат дар додситонии ҳарбӣ бозпурсӣ шудааст.

Канат Сагимбоев ба ҳайси корманди КДАМ барои муҳофизати Отамбоев таъйин шуда буд. Ӯро рӯзи 20-уми сентябр аз мақомот ронданд. Мақомот гуфтанд, Сагимбоев моҳи июл дастури фармондеҳиро дар бораи таслими силоҳи хизматӣ рад карда, техникаи махсусро барнагардонидааст. Моҳи сентябр мақомот дар натиҷаи тафтишот муайян карданд, ки Сагимбоев сарфи назар аз дастури хизматӣ, бо намояндагони расонаҳо суҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG