Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Тоқаев хост, ба боздошти эътирозгарон хотима бахшад. ВИДЕО


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват кард, ки қонунгузории ин кишвар дар бораи баргузории ҷамъомадҳои осоишта бознигарӣ ва боздошти эътирозгарони мусолиматомез қатъ карда шавад.

Пажуҳишгари HRW Лорӣ Миллс рӯзи 24-уми сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, Тоқаев моҳи июни соли равон, пас аз президенти Қазоқистон интихоб шуданаш дар бораи тезонидани ислоҳоти сиёсӣ ва беҳсозии вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар суҳбат карда буд.

"Вале боздоштҳои дастаҷамъии иштирокдорони эътирозҳои охири ҳафтаи гузашта нишон медиҳанд, ки Тоқаев ба ислоҳоти гуфтааш чандон алоқамандӣ зоҳир намекунад", - афзудааст ӯ.

Созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти Қазоқистон ҳангоми боздошти эътирозгарон аз ҳад зиёд аз нерӯ истифода мебаранд. Ҳамчунин 21-уми сентябр дар ҷараёни боздоштҳои шаҳри Нурсултон бо марди маъюбе муносибати хашин нишон дода, ӯро ба автобуси пулис савор карданд.

Тоқаев моҳи июни соли равон гуфт, қонуне, ки шаҳрвандони кишварашро вазифадор мекунад, барои баргузории ҷамъомадҳои осоишта иҷозати мақомотро дарёфт кунанд, тағйир дода мешавад.

Дар изҳороти Миллс омадааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ дар робита ба тағйири қонуни мазкур пешниҳодҳои мушаххасро ироа карданд, вале ҳукумати Қазоқистон ба онҳо эътибор намедиҳад.

"Агар Тоқаев воқеан ҳам мехоҳад, Қазоқистонро аз таҷрибаҳои пешини ҳуқуқи инсон ҷудо созад, пас бояд барои ислоҳи қонун дар бораи ҷамъомадҳои осоишта талош карда, ба ҳабсу боздошти эътирозгарони мусолиматомез хотима бахшад. Суханпардозӣ ва изҳорот кофӣ нест", - афзудааст Миллс​.

Мақомоти Қазоқистон дар шарҳи боздоштҳои 21-уми сентябр гуфтанд, сокинони ин кишвар барои он дастгир карда шуданд, ки ба "даъватҳои иғвогарона" дода шуда, бе иҷозати расмӣ даст ба тазоҳурот заданд.

XS
SM
MD
LG