Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон созмони ҳомии ақалиятҳои Чинро сабти ном кард


Департаменти адлияи шаҳри Алматои Қазоқистон иттиҳодияи "Атажұрт еріктілері"-ро сабти ном кард, ки бо ҷамъоварии иттилоъ дар бораи таъқибҳои Шинҷон ва бозтоби тақдири маҳбусони марказҳои "бозтарбия"-и Чин машғул буд.

Дар ин бора раҳбари нави "Атажұрт еріктілері" Ербол Даулетбеқулӣ иттилоъ дод.

Департамент дар гузашта борҳо дархости иттиҳодияи мазкурро бо баҳонаи номувофиқатӣ дар ҳуҷҷатҳо рад карда буд. Намояндагони иттиҳодия гуфтанд, дархости онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ рад мешавад ва моҳи равон эълом карданд, ки департаментро ба додгоҳ мекашанд.

"12-уми сентябр дар нишасти хабарӣ эълом кардем, ки департаментро ба додгоҳ кашидем. 14-уми сентябр моро ба департамент даъват карда, гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда камбудӣ доранд. Агар ислоҳ кунед, ба қайд мегирем ва мо ҳам гуфтем, ки агар сабти ном кунед, даъвои худро бозпас мегирем", - гуфт раҳбари иттиҳодия.

Сардори шуъбаи кор бо шахсони ҳуқуқии Департаменти адлияи Алмато Акерке Кожахматова тасдиқ кард, ки 24-уми сентябр иттиҳодияи мазкурро сабти ном карданд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони "Атажұрт еріктілері" тамоми камбудиҳоро бартараф карданд.

"Атажұрт еріктілері" аз соли 2017 ба ин сӯ фаъолият дошта, яке аз нахустин созмонҳое аст, ки қазияи таъқиби ақалиятҳои қавмӣ дар Шинҷони Чин, аз ҷумла қазоқтаборону уйғурҳоро дар расонаҳои ғарбӣ матраҳ кардааст.

Раҳбари пешини иттиҳодия Серикжан Билаш, ки аз моҳи марти соли равон дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, айби "ангехтани бадбинӣ"-ро ба гардан гирифт. Додгоҳ вайро 280 доллар ҷарима ва аз ҳаққи раҳбарии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба муҳлати 7 сол маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG