Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар Ню-Йорк


Раҳбарони ИМА ва Украина - Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти расмии раҳбарони ду кишвар аст.

Зеленский пеш аз оғози вохӯрӣ гуфт, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати ӯ мубориза бо коррупсия, барқарории тамомияти арзии Украина ва қатъи даргириҳо дар шарқи ин кишвар аст. Вай ҳамчунин аз таъсиси додгоҳи зидди фасод дар Украина хабар дод.

Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия нимҷазираи Қримро дар давраи маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ишғол кард. Ӯ талошҳои Зеленскийро барои пирӯзӣ ба коррупсия дар Украина ситоиш кард ва хабар дод, ки ИМА интиқоли силоҳ ба Украинаро оғоз намуд.

Трамп изҳори умед кард, ки раҳбарони Русия ва Украина бо ҳам мулоқот ва мушкилиҳои мавҷударо баррасӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, чунин гуфтугӯҳо дастоварди бузурге хоҳанд буд.

Зеленский низ изҳор дошт, ки Украина дар сиёсати дохилии ИМА дахолат карданӣ нест. Ӯ гуфт, ба ИМА на барои кумак, балки барои дастгирӣ рафтааст.

Президенти Украина дар шарҳи суҳбати телефонии ахираш бо Трамп, ки баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст, гуфт, ҳангоми суҳбат ҳеч гуна фишореро аз сӯи президенти ИМА эҳсос накардааст ва ваъдае ҳам надодааст.

Сухан аз дархости Трамп дар бораи таҳқиқи фаъолияти писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден дар Украина меравад. Президенти ИМА гӯиё дар ин суҳбат аз ҳамтои украиниаш хостааст, ки зидди писари рақиби сиёсияш дубора тафтишотро оғоз кунанд.

Бештари демократҳои Амрико "дархост"-и Трампро берун рафтан аз доираи ваколатҳои худ ва асос барои таҳқиқи фаъолияти ӯ медонанд, ки эҳтимол аст, бо изҳори нобоварӣ ба вай бианҷомад.

XS
SM
MD
LG