Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон соҳиби унвони "Оқсақоли фахрӣ" шуд


Рӯзи 26-уми сентябр дар Туркманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои мардумӣ, ниҳоди олии намояндагии он кишвар, ки бар асоси Конститутсия гӯиё аз манфиатҳои мардум ҳимоят мекунад, баргузор шуд. Ин шӯро моҳи октябри соли 2017 ба ҷои Шӯрои оқсақолони Туркманистон таъсис ёфтааст.

Ба иттилои хабаргузории "Имрӯзи Туркманистон", дар ҷаласаи шӯро ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 62-сола унвони "Оқсақоли фахрии мардум" дода шуд.

Бино ба навиштаи хабаргузорӣ, яке аз сабабҳои асосии додани унвони мазкур ба Бердимуҳаммадов дархосту пешниҳодҳои зиёди созмонҳои ҷамъиятиву шаҳрвандони Туркманистон ва 28-умин солгарди истиқлоли давлатии ин кишвар мебошад.

"Унвон ба хотири саҳми бузург дар таҳкими истиқлоли давлатии Туркманистон дода шудааст", - навиштааст манбаъ.

Президенти Туркманистон дар ҷаласа пешниҳод кард, ки Шӯрои мардумӣ ба як бахши порлумони кишвараш табдил дода шавад. Ин ба он маъност, ки порлумони Туркманистон дорои ду палата хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, гузариш ба низоми дупалатагӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Туркманистон ҳимоят ва назорати иҷрои қонуну барномаҳои миллӣ тақвият дода шавад.

Порлумони Туркманистон дар ҳоли ҳозир аз як палата иборат буда, 125 вакил дорад ва онҳо барои 5 сол интихоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG