Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои қатли хоҳари маъруфаш ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд


Додгоҳе дар Покистон рӯзи 27 сентябр Муҳаммад Васим, бародари ситораи кушташудаи шабакаҳои иҷтимоиро барои қатли хоҳараш дар соли 2016 ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Мултон гуфт, ки Қандил Балуч қурбонии куштори номусӣ шуд ва бародараш масъули ин куштор дониста мешавад. Сардор Маҳбуб, вакили дифои Муҳаммад Васим гуфт, ки ӯ ва зерҳимояаш аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд. Ба гуфтаи вакил, шаш гумонбари дигари ширкатдор дар қатли ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд. Дар миёни онҳо ду бародари дигари Балуч, амакбача, ҳамсоя, як ронанд ва як муллои маҳаллӣ ҳам гумонбар дар куштор буданд.

Васим дар як нишасти матбуотии соли 2016, ки аз ҷониби полис ташкил шуд, эътироф кард, ки хоҳари 26-солаашро барои фаъолиятҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатл кардааст.

Қандил Балуч бо нашри видеоҳои чолишбарангезаш маъруф буд. Ӯ мегуфт, ки мехоҳад зеҳни ҷомеаи муҳофизакори Покистонро тағйир диҳад. Ӯ пеш аз қатлаш чандин бор паёмҳое бо таҳдиди марг дарёфт кардааст.

Балуч, ки исми воқеиаш Фавзия Азим буд, дар бархе матолиб ҳамчун Ким Кардашяни покистонӣ ёд мешуд, чунки талош дошт худро ба ҳайси як модел ва ҳунарманди зебову намунавии аврупоӣ дар як кишвари суннатии Осиёи Ҷанубӣ муаррифӣ кунад.

Куштори ин зани ҷавон боиси эътирозҳои зиёд ва даъват аз ҳукумат барои ташдидёбии муҷозот барои кушторҳои номусӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи зан гардид.

XS
SM
MD
LG